Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди лулаи гази Набукко имзо шуд


Чаҳор кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия дар Анкара дар бораи сохтмони лулаи гази Набукко қарордод имзо карданд. Ин лулаи газ пойбандии кишварҳои узви ин иттиҳодия ба гази Русияро камтар хоҳад кард. Ин қарордоди байнидавлатиро раҳбарони Булғористону Маҷористон, Руминияву Австрия ва Туркия имзо карданд. Сохтмони ин лула тибқи ҳисобҳо 8 миллиард евро арзиш дорад ва дарозии он 3 300 километрро ташкил медиҳад. Солона ин лула метавонад то 31- миллиард метри муккааб газ интиқол диҳад. Тибқи пешбиниҳо Озарбойҷон кишвари таъминкунандаи газ дар назар дошта шуда буд, вале моҳи гузашта ин кишвар бо Русия қарордоде имзо кард, ки бар асоси чунин санад судури гази он дар соли 2010 ба Русия оғоз мешавад. Бо вуҷуди ин Туркманистон ишора кардааст, ки лулаи гази Набуккоро бо газ таъмин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG