Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиён беҷошудагонро ба хонаашон мефиристанд


Ҳукумати Покистон сокинони беҷошудаи водии Свотро, ки дар натиҷаи даргириҳои ахир дар ин водӣ маҳали зисти худро тарк карда буданд, дубора ба ҷойҳои зисташон бармегардонад. Аз охири моҳи апрел ба ин сӯ тибқи омори тақрибӣ бештар аз 2 миллион нафар сокинони водии Свот ва маҳалоти атрофи он маҳали зисти худро тарк кардаанд. Бисёриҳо бо аъзои хонаводаашон сарпаноҳ ёфтаанд, вале тақрибан 300 000 то ҳол дар хаймаҳо ба сар мебаранд. Раҳимзода яке аз онҳост, ки дар шаҳраки хаймаии Навшера ба сар мебарад:

"Ман хушҳолам, ки ба хона бармегардам. Ман дар ин ҷо зиндагии хуб надоштам. Мо дар он ҷо хона дорем, кор дорем. Ман хеле хушбахтам".

СММ мегӯяд, бозгашти довталабонаи беҷошудагон ба хатаре мувоҷеҳ нест ва вазъи амниятӣ дар маҳали зисти онҳо қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG