Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Э. Раҳмон аз Миср оғоз шуд


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Ҷунбиши ғайримунсалик ё кишварҳое, ки узви паймони низомӣ нестанд, ба Шарм ул- Шейхи Миср рафт. Ин мулоқот 15-ӯми июл ба кори худ оғоз мекунад. То оғози ин мулоқот ва дар ҳошияи он раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда дидор ва гуфтугӯҳо хоҳад дошт. Тоҷикистон дар ин ҷунбиш мақоми нозирро дорад.
XS
SM
MD
LG