Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи иттилои сомонаи “Фарғона.ру”, пайкараҳои одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Самарқанд бардошта шудаанд.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, дар яке аз қадимтарин шаҳрҳои олам чанд моҳи охир корҳои бозсозӣ ҷараён дорад, ки бар асари он садҳо нуқтаҳои хидмати маишӣ ва мағозаву дӯконҳо тахриб шудаанд. Ва сарнавишти ду муҷассамаи нобиғаҳои шеъри тоҷикӣ - Абӯ Абдуллоҳ Рӯдакӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ айни ҳол норушан аст. Қаблан шаҳрдории Самарқанд тамоми сохтмонҳои ғайриқонунии хусусии мардумро бо хок яксон кард. Ба навиштаи “Фарғона.ру”, акнун навбат ба пайкараву муҷассамаҳо расидааст.

Бино ба ин матлаб, дар охирин рӯзҳои моҳи июн муҷассамаи ду шоири барҷастаи Шарқ - Абдураҳмонӣ Ҷоми ва дӯсту шогирдаш, сардафтарӣ адабиёти классики узбак Алишер Навоӣ, ки аз санги сурхи хоро офарида шуда, дар рӯ ба рӯи меҳмонсарои “Афросиёб” мустақар шуда буд, аз маконаш бардошта шуд. Ин пайкара дӯстии мардуми тоҷику узбакро таҷассум мекард ва ҳоло баъзе таҳлилгарон саволеро матраҳ мекунанд, ки оё ин инъикоси сатҳи кунунии равобити ду кишвар аст?

Илова бар ин, муҷассамаи сардафтари адабиёти клоссикии тоҷик Одамушшуаро Абӯ Абдуллоҳ Рӯдакӣ, низ аз ҷойи маъмулиаш – аз даромадгоҳи осорхонаи таърихи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ канда шудааст. “Фарғона.ру” менависад, ки ҳамаи кушишҳо барои мушаххас кардани сарнавишти пайкараҳои шоирҳо натиҷае надод ва мақомоти расмӣ низ дар ин бора ягон эъломия пахш накардаанд.


Зиёиён, бино бар навиштаи “Фарғона.ру” танҳо китф меҷумбонанду ва мегӯянд, ки худашон намефаҳманд, чӣ корҳо ҷараён доранд ва гумон аст, ки муҷассамаҳоро дар дигар мавзеъи шаҳри бостонӣ побарҷой кунанд.

Сомонаи “Фарғона. Ру” навиштааст, бори авваллин нест, ки дар Самарқанд муҷассамаҳоро мекӯчонанд. Дигар пайкараи Алишер Навоӣ, ки солҳои шӯравӣ дар назди театри ба номи Ҳомид Олимҷон қомат афрохта буд, баъди дар ин хиёбон бунёд шудани муҷассамаи Темурланг ба охири он кучонда шуд. Аммо баъдан маълум шуд, ки муҷассамаи Навоӣ ва муҷассамаи Темурланг ба як сӯ менигаранд ва муҷассамаро ба зовияи 180 дараҷа тоб доданд. Аммо бо ин ба истилоҳ “саргардониҳо”-и муҷассамаи Навоӣ поён наёфт ва панҷ сол пеш онро ба боғи фароғатии шаҳр интиқол доданд.

“Фарғона.ру” менависад, ки дигар пайкараву нимпайкараҳои шоирону шахсиятҳои саршинос, назири нависандаҳои рус Антон Чехов ва Мавким Горкий, қаҳрамонони замони инқилоб Миршаропов ва Акмал Икромов ва дигарон ё ба ҷойҳои камодам интиқол ёфтанд ё тамоман аз байн бурда шудаанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки баъзе аз ин муҷассамаҳо ҳатто ҳамчун фулузоти ранга фурӯхта шудаанд.

Ва ин дар ҳолест, ки ба навиштаи “Фарғона.ру”, муҷассамаҳои Рӯдакӣ, Ҷомӣ ва Навоӣ пайкараҳои оддӣ набуданд, онҳо осорҳои фарҳангии миллӣ ва як бахши меъмории Самарқанд мебошанд ва хуб нест, ки муҷассамаҳои шоирони бузург дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар ҷустуҷӯи макони муносибе сарсону саргардон бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG