Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Сабақҳои ғуломдорӣ набояд фаромӯш шавад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, изҳор намуд, ки ғуломдорӣ - пурдаҳшаттарин саҳифаи таърихи Иёлоти Муттаҳида буд. Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиониии CNN дар ҷараёни сафараш ба Гана, Обама гуфт, ки ин сабақи таърихӣ набояд фаромӯш шавад ва онро бо ҳаводиси муосир, аз ҷумла, бо қатли ом дар минтақаи Дорфури Судон бояд рабт дод. Раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки таърихи бардагиро ҳамчун таърихи Ҳолокост набояд аз ёд бурд ваё аз он сарфи назар кард.
Рӯзи шанбе Барак Обама ҳамроҳ бо хонумаш Мишел ва духтаронаш аз мавзеъе дар Гана дидан кард, ки дар гузашта он ҷо бузургтарин бозори ғуломфурӯшии Африқо мавҷуд буд.
XS
SM
MD
LG