Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон 41 хабарнигор дар боздошт ба сар мебаранд


Баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, дар ин кишвар 41 хабарнигор ва болгнавис боздошт шудаанд. Дар ин бора ахиран созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, мақараш дар Порис, хабар дод. Ба иттилоъи ин созмон, ахирин боздоштҳо охири ҳафта сурат гирифтанд – мақомот ду суратгар Маҷид Сайидӣ ва Тавҳид Бойиро дастгир карданд. Охирҳои моҳи гузашта муҳаррири як блог Хонума Шаҳидӣ ва боз як хонуми хабарнигор Сомия Нусратӣ низ боздошт шуда буданд. Дар иттилоъи “Гузоришгарони бидуни марз” омадааст, пайвандони ин хабарнигорони боздоштшуда дар бораи дар куҷо будани онҳо ва шароити буду бошашон иттилое надоранд.
XS
SM
MD
LG