Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилатаркишҳо дар канори калисоҳои Бағдод


Бар асари чанд инфиҷор дар канори калисоҳои насронии Бағдод дасти кам 4 нафар кушта ва 32 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилоъи расмӣ, таркиш дар канори калисои Нотр-Дам, воқеъ дар шарқи пойтахти Ироқ, чаҳор кушта бар ҷой гузошт. Дар инфиҷор дар канори ибодатгоҳи Ҳолдей 21 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар натиҷаи инфиҷорҳо дар канори дигар калисоҳои насронӣ боз 11 нафар захмӣ шудаанд.
Дар Ироқи асосан мусалмоннишин тақрибан 750 ҳазор насрониҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG