Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ҳилманд ду сарбози амрикоӣ кушта шудаанд


Дар задухурдҳо дар ҷануби Афғонистон ду сарбози амрикоӣ кушта шудаанд. Дар ин бора ҳайати фармондеҳии ИМА дар Афғонистон хабар дод ва ҳамзамон иттилоъи қаблӣ дар бораи ҳалокати чаҳор низомии кишвар дар ин задухурдҳоро рад кард.
Дирӯз Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, дар мусоҳиба бо телевизиони бритониёии Sky News гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёвӣ дар вилояти Ҳилманд мавқеъҳои мусаллаҳони “Толибон”-ро танг карданд. Аммо, афзуд ӯ, ҳанӯз дар бораи пирӯзӣ дар амалиёти густарда алайҳи “Толибон” ҳарф задан барвақт аст ва тобистони равон дар Афғонистон ҷангҳои шадид идома хоҳад кард.
Дар амалиёти густардаи низомӣ алайҳи мусаллаҳони "Толибон" дар вилояти Ҳилманд тақрибан 4 ҳазор низомиии амрикоӣ ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG