Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин теъдоди қурбониён дар Урумчиро дақиқ кард


Мақомоти Чин теъдоди қурбониён ва осебдидагон бар асари нооромиҳо дар маркази вилояти Шинҷон, воқеъ дар шимолу ғарби кишварро мушаххас карданд. Тибқи иттилоъи ҷадид, дар натиҷаи задухурдҳои қавмӣ дар шаҳри Урумчӣ 1680 нафар осеб дидаанд – ин рақам аз теъдоди қаблан эълоншуда тақрибан 600 нафар бештар аст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ин ҳаводис 184 нафар, аз ҷумла, 137 чиноӣ ва 47 уйғур кушта шудаанд. Ва аммо созмонҳои уйғурҳо мегӯянд, ки Пекин теъдоди уйғурҳои кушташударо кам нишон додааст.
XS
SM
MD
LG