Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар корхонаи кимиёи Урумчӣ


Хабаргузории расмии Чин гузориш дод, ки имрӯз дар як корхонаи кимиёи шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷон таркише рух дод. Таркиши мазкур чанд рӯз баъди он рӯй дод, ки мақомот гуфтанд дар хушунатҳои қавмии Урумчӣ ҳафтае пеш 184 нафар кушта шуданд. Хабаргузориҳои ғарбӣ дар нақли қавл аз мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар миёни ин ду ҳодисаи ошӯбҳову таркиши корхонаи кимиё ҳеҷ иртиботе мавҷуд нест. Феълан мушаххас нест, ки сабаби таркиш дар корхона чӣ будааст. Ҳарчанд роҷеъ ба хисороте сӯҳбат мешавад, аммо оид ба эҳтимоли талафоти ҷонӣ хабаре нест.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории расмии Чин гуфт, ки мақомоти Шинҷон шумори маҷрӯҳшудагонро баъди ошӯбҳои ҳафтаи гузаштаи Урумчӣ то ба 1680 нафар афзоиш доданд. Қаблан гуфта мешуд, ки дар он рӯйдодҳо беш аз ҳазор нафар осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG