Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи фишоворовари Ҷопон барои нахуствазир


Имрӯз дар интихоботи шаҳрии Токио нахуствазири Ҷопон Таро Асо бояд аз имтиҳони хеле ҷиддӣ гузарад. Аз моҳи апрел ба ин сӯ ҳизби либерал-демократи Асо дар чаҳор интихоботи пай дар ҳам дар баробари ҳизби мухолифини демократи Ҷопон мағлуб шудааст. Дар сурате, ки ҳизби ҳоким дар интихобот барои бурдани 127 курсии парлумони шаҳрӣ мағлуб шавад, Асо бо фишорҳои афзояндаи истеъфо рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳизби вай беш аз 50 соли охир дар Ҷопон бомуваффақият раҳбарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG