Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори панҷ афсари полис дар Покистон


Полис гуфт, ки афроди мусаллаҳ дар шимолуғарби Покистон панҷ афсари полис ва як ҷангалбонро куштанд. Хабаргузории Ассошейтед Пресс гузориш медиҳад, ки шоми шанбе афсарони амниятӣ ба минтақаи Монсеҳра баъди шунидани садои тирандозиҳо равона шуданд. Онҳо гуфтанд, ки гурӯҳи номуайяни мусаллаҳе ҳайати низомии онҳоро ҳамла карда дасти кам панҷ афсари полис ва ҷангалбони ҳамроҳашон омадаро куштанд. Дар ин маҳал ҳамчунин ҷасади тирхӯрдаи марди ношиносе ошкор шудааст. Феълан ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале вақтҳои охир ҷангиёни Толибон дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар зиёд ба афсарони полис ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG