Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии корманди Салиби Сурх аз асорат


Як корманди итолиёии созмони Салиби Сурх баъди шаш моҳи асорат дар Филиппин озод шуд. Мақомот гуфтанд, ки Евгенио Вагнии 63-сола дар ин муддат дар дасти гурӯҳи мусаллаҳи Абусайёф, ки як созмони марбут ба Ал-Қоида нигаҳдорӣ мешуд. Баъди раҳоиаш зоҳиран сиҳҳатии вай мӯътадил асту аммо эҳсос мешавад, ки хастагии зиёд дорад, гуфтанд мақомот. Ӯ ахиран аз ҷониби силоҳбадастон ба мақомоти ҷазираи Холои воқеъ дар ҷануби Филиппин супурда шуд. Франко Фраттинӣ, вазири хориҷаи Итолиё гуфт, ки барои раҳоии Вагнӣ ба ҷангиён подоше дода нашудааст. Вагниву ду ҳамкори дигараш аз Салиби Сурх моҳи январи имсол дар ҷазираи Холо ҳангоми иҷрои як барномаи хайрия аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳе рабуда шуданд. Ду нафари дигар моҳи апрел озод шуданд. Гурӯҳи Абусайёф иддао дорад, ки дар ҷануби Филиппин давлати исломӣ бунёд хоҳад дод. Ин гурӯҳ аз ҷониби вазорати хориҷаи Амрико вориди феҳрасти созмонҳои террористӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG