Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Браун аз стратегияи Афғонистон


Нахуствазири Бритониё Гордон Браун аз стратегияи низомии Афғонистон ҳимоят кард ва гуфт, ки алорағми қурбониҳои зиёд аз ҷониби нирӯҳои бритониёӣ ин як роҳи дурусти мубориза мебошад. Тавзеҳи хаттии Браун ба як кумитаи парлумонии Бритониё баъди он расид, ки ҳафтаи гузашта талафоти ҷонӣ дар миёни сарбозони бритониёӣ 184 нафарро ташкил дод. Дар ҷанги Ироқ 179 бритониёӣ ҷони худро аз даст додааст. Браун гуфт, ки фармондеҳони нирӯҳои бритониёӣ дар Афғонистон мутмаинанд, ки онҳо дар ҷанги зидди Толибон дар паноҳгоҳи аслии онҳо дар ҷануб дастболо мешаванд. Браун ҳадафи Бритониёро ҳамчун ҷилавгирӣ аз бозгашти терроризм ба хиёбонҳои Бритониё қаламдод кард.
XS
SM
MD
LG