Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбае ба Толибон


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки Амрико ва нирӯҳои эътилофӣ дар ҷараёни амалиёти густардаи худ дар ҷануби Афғонистон тавонистанд ҷангиёни Толибонро ақиб бубаранд, вале ҳанӯз барои шаҳди чашидан барвақт аст. Дар сӯҳбат бо телевизиони бритониёии Sky News Обама гуфт, ки ӯву маъмурияташ хуб медонанд, ки тобистони имсол дар Афғонистон ҷангҳои шадид хоҳад гузашт. Вай гуфт, ки ҷангиёни Толибон ба хотири амалиёти нирӯҳои амрикоиву бритониёӣ дар вилояти Ҳилманд ба қафо партофта шудаанд. Вай гуфт, ки бо вуҷуди ин барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳоло кори зиёде бояд анҷом шавад ва ҳоло ҳадафи аслӣ ин аст, ки ин кишвар моҳи оянда интихоботи худро баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG