Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ҳайати амрикоӣ аз Бишкек


Як ҳайати баландпояи амрикоӣ ба раҳбарии муовини вазири хориҷа дар умури сиёсӣ Уилям Бӯрнс имрӯз боздиди дурӯзаи худро аз Қирғизистон анҷом дод. Бӯрнс рӯзи шанбе бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Қурмонбек Боқиев мулоқот кард. Дар маркази таваҷҷӯҳи ин сӯҳбатҳо вазъи амниятии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон ва равобити тиҷоративу иқтисодии миёни Қирғизистон ва Амрико қарор дошт. Бӯрнс аз номи раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ҳукумати Қирғизистонро ташаккур кард, ки бо имзои созишномаи нав ба интиқоли бору муҳимоти ғайринизомии амрикоиҳо ба Афғонистон мувофиқат кардааст. Инчунин қарор шуд, ки комиссиюни муштараки ин кишварҳо барои пешбурди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таъсис шавад.
XS
SM
MD
LG