Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги Зиёев аз назари расмӣ


Вазоратҳои умури дохила ва амияти Тоҷикистон бо пахши баёнияи муштарак кушта шудани вазири пешини умури изтирорӣ Мирзо Зиёевро аз дасти "гурӯҳи мусаллаҳи ношиносе" таъйид кард. Тибқи ин баёния, оқои Зиёев рӯзи шанбе, 11 июл ҳангоми "ба гуфтушунид ва таслимшавӣ водор кардани" гурӯҳи таҳти раҳбарии Неъмат Азизов, аз фармондеҳони пешини мухолифин аз зарби тир ба ҳалокат расид. Дар ин ҳодиса, мегӯяд вазорат умури дохилаи Тоҷикистон, чанд корманди умури дохилӣ ва амнияти миллии кишвар низ ҷароҳат бардоштанд.
Тибқи хабарҳо аз манобеи дигар, ҷасади Мирзо Зиёев имрӯз то зӯҳр дар қабристони деҳаи Хоҷаи Хлоз, ки зодгоҳи волидони вай мебошад, ба хок супурда шуд. Вай 49 сол дошта дар давоми солҳои 1999-2006 вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG