Пайвандҳои дастрасӣ

Хонум Ҳанифаи бемор, ки модари се фарзанд аст, мегӯяд, аз сабаби кифоят накардани буҷаи рӯзгор ба табибон муроҷиат намекунад.

Вай меафзояд, ки ҷамъияти хонаводаи онҳо чандон калон нест, вале бо вуҷуди ин ҳам сол то сол вазъи иҷтимоии хонаводаашон мушкил шуда, ҳатто ин вазъияти ба ҳолати рӯҳии модар таъсири манфӣ расонидааст.

Хонум Ҳанифа мегӯяд, «вақте мо занҳо бемор мешавем, аз тарси он, ки барои муолиҷа пули калон даркор аст, ба назди табибон рафта наметавонем. Медонем, ки саломатиамон бад аст, бештар камхун ҳастем, ин аз камғизои аст. Вале чӣ кор кунем? Дар корхонаҳои давлатӣ ҳам кор кунем, маоши мегирифтаамон барои табобат намерасад. Агар аз як тараф як бало карда, шиками фарзандонамонро сер кунем, вале барои таъмин кардани сарулибоси онҳо дастамон намерасад».

Вай меафзояд, «мо занҳои тоҷик одат кардем, ки ба ҳамаи ин қашшоқию нодорӣ тоқат кунем. Масалан, духтаронамонро ба мактабҳои олӣ дохил карда наметавонем. Зеро барои дохил шудани онҳо давоми хондан бо сару либос таъмин кардан онҳо маблағ даркор аст. Саводи фарзандомон бад нест, вале чӣ кор кунем. Камбизоатӣ ва дастнорасӣ ҳолати моро танг кардааст».

60 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ҳамнгоми истеъмоли ғизо ба маҳсулоти хамирӣ, ба мисли нон, қаноат карда, танҳо 5 дарсад маҳсулоти гуштӣ истеъмол мекунанд...
Ба гуфти хонум Ҳанифа, имрӯз фақри хонаводагӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҳам тавсеа ёфта, даҳҳо зан бо атфоли хурдсолу навраси хеш дар бозор машғули савдо ва иддаи дигари занон пайи иҷрои корҳои сангин ба хотири дарёфти қути лоямут мебошанд.

Гулрухсор, ҳамсӯҳбати дигари мо, мегӯяд, ки гарчанде ҷавон аст, вале вазъи ҳамсолони камбизоаташ ӯро нигарон кардааст. Ба гуфти Гулрухсор, дар Тоҷикистон даҳҳо духтарҳои наврас аз сабаби вазъи бади иҷтимои маҷбур шуданд, ки таҳсили мактабро тарк карда, барои рӯзгузаронӣ рӯ ба меҳнат оваранд. Бо вуҷуди он, ки мегӯяд Гулрухсор, ҳамсолони ман дар як шабонарӯз беш аз 8 соати кории маъмули меҳнат мекунанд, вале ба иваз дастмуздӣ ночиз мегиранд.

Дар остонаи рӯзи байналмилалии нуфусшуморӣ дар ҷаҳон дабири кулли СММ гуфтааст, барканории духтарон аз таҳсил ва машғул шудани онҳо ба меҳнати ночизи сангин ва вазъи бади саломатии занону духтарон ба ояндаи ҷомеаи башарӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Бан Ги Мун гуфт, ки набояд ба тақдири минбаъдаи занон ва духтарон бетаваҷҷӯҳ буд, зеро онҳо тарбиятгари насли оянда ҳастанд.

Дар изҳороти ахири Бан Ки Мун, дабири кулли СММ омадааст, ки шароити бади иҷтимои дар ҷаҳон духтарони сини мактабиро водор ба он кардааст, ки таҳсилро қатъ карда дунболи дарёфти ҷойи кор ва маблағ шаванд. Ва ба ивази меҳнати сангин музди кам гиранд. Вазъи модарон ҳам то ҷое нигаронкунанда аст, ёдовар шудааст дабири кули СММ.

Ба гуфти ҳамин манбаъ асосан занҳо ба бемориҳои камхунӣ,камғизои мубтало буда, ҳатто имкони тавалуд кардани кудаки солимро надоранд. Вай афзуд, ки «қабули барномаи таъминоти моддӣ ва ҳимояи саломатии занҳо то соли 2015 аз тарафи СММ дастоварди хуб аст ва дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молияви низ ин барнома бояд ҳаматарафи амалӣ гардад.

Вакили МН Тоҷикистон Нозирҷон Солеҳов аз муроҷиати Бан Ки Мун истиқбол кард. Вай гуфт, дар сурате, ки дар Рӯзи ҷаҳонии нуфузшуморӣ роҳбарияти СММ нисбат ба вазъи занон ва духтарон тамаркуз карда бошад, пас ин масъала барои кишварҳои зиёди ҷаҳон ошно будааст.

Бар асоси омори расмӣ, тақрибан 54 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон зери хатти фақр ва 17 дарсад дар ниҳояти фақр ба сар мебаранд, аммо пажӯҳиш нишон медиҳад хонаводаҳое, ки дар онҳо кӯдакон зиёданд, дар баробари фақру нодорӣ бештар осебпазиранд.

Ба гуфтаи Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи омори Тоҷикистон, интизор меравад, дар соли оянда ҷамъияти Тоҷикистон то ба 8 миллион нафар афзоиш ёбад ва ин амр мушкилоти фаровонеро дар иҷрои барномаи коҳиши мизони фақр ва масоили омӯзишу парвариш эҷод хоҳад кард.

Тибқи пажӯҳиши анҷомшуда, 60 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ҳангоми истеъмоли ғизо ба маҳсулоти хамирӣ мисли нон қаноат карда ва танҳо 5 дарсад маҳсулоти гӯштӣ истеъмол мекунанд. Барои истеъмоли маводи ширии зарурӣ барои ҷисми инсон ҳам буҷаи на ҳама хонаводаҳо кофӣ будаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG