Пайвандҳои дастрасӣ

“Чарх бизан”-и Парвиз Назаров феълан дар садри топ-тенҳои тоҷикӣ ва қазоқӣ чарх мезанад. Парвиз Назаров, сарояндаи тоҷики муқими Алмати аз фаъолтарин сарояндагони тоҷик дар олами интернет аст. Ӯ дар ЮТюб саҳифаи шахсии худро дорад, Мой Мир-аш дар Майл.Ру ҳудуди 4.000 дӯсту мухлисашро гирд овардааст ва тозатарин хабар аз ҳаёти эҷодии Парвиз он аст, ки ӯ дар талоши ҷоннок кардани фаъолияти торнамояш мебошад. Сомонаи Озодӣ сӯҳбати худ бо Парвизро низ бо суоле аз торнамояш оғоз кард.

Парвиз Назаров: “Торнамо соли гузашта омода шуда буд. Мутаассифона, ба сабаби серкорӣ ҳеҷ вақте намеёфтам, то бо он бештар машғул шавам. Дастам намерасид. Ва ҳамчунин, то ба ҳол ягон гардонандаи хубе барои ин торнамо наёфтаам ва феълан дар ҷустуҷӯи гардонанда ҳастам.”

Озодӣ: “Пас, серкорият маънои онро дорад, ки торнамоят манбаъи ахбор ва мусиқиҳои нав барои мухлисон нахоҳад буд? Яъне, танҳо ба он хотир, ки “бингаред, Парвиз ҳам торнамои расмӣ дорад”, ҳамин хел? Воқеан, аксҳои нав нест дар торнамоят ва феҳраси албомҳоят низ тоза ба назар намерасад...”

Парвиз Назаров: “Албатта, (торнамо) манбаъи хабарҳои тоза хоҳад буд. Вақте, тарҳи ин торнаморо кашида будам, дар нақша доштам,
ки танҳо торнамое бо сурудҳо, видео ва маълумот дар бораи худам дошта бошам. Вале, баъдан, каме онро дигаргун кардем ва ҳамакнун, мехоҳем, ки дар торнамо суруду клипҳои нави ман низ нашр бишаванд ва ҳамчунин, мухлисонам аз хабарҳои тозае дар ҳаёти ман огоҳ бишаванд.

Дар мавриди аксҳо. Аксҳои нав ҳастанд. Аксҳое аз клипи “Чарх Бизан”. Соли 2009. Феҳраси албомҳо бошад, дуруст гуфтӣ. Охирин албомам дар он ҷо нест. Он ҳанӯз нав аст ва ҳанӯз дар фурӯш аст. Агар дар торнамо нашраш бикунам, пас шояд ҳеҷ кас ҳам нахарадаш. Онро баъдтар дар торнамо хоҳам гузошт.”

Озодӣ: “Агар аз халал дар тиҷоратат фикр мекунӣ, пас дар бораи сафҳаи хусусият дар ЮТюб чӣ мегӯӣ, ки он ҷо бисёре аз клипҳои наватро гузоштаӣ, аз ҷумла, аз ҳамин албоми “Чарх Бизан”? Медонӣ, аз ЮТюб низ клипро бо барномаҳои махсусе ба компютер гирифта мешавад. Ва аҷиб аст, ки худат ба халали эҳтимолӣ дар тиҷоратат мусоидат мекунӣ, чун бо дасти худ онҳоро дар ЮТюб мегузорӣ.”

Парвиз Назаров: “Охир, онҳо дар он ҷо бо сифати пасттар ҳастанд. Агар касе ДВД-и босифат мехоҳад, онро мехарад.”




Озодӣ: “Бо чунин серкорӣ ҳамзамон вақт меёбӣ, ки ба сайри олами виртуалӣ бароӣ. Дар Мой Мир садҳо нафар дар феҳраси дӯстонат ҳастанд, ба гумонам, даҳҳо нафар аз онҳо ба ту мактуб менависанд ва фурсати посух додан ҳам намеёбӣ ва онҳо меранҷанд....Янга низ аз мавҷудияти духтарҳои зиёд дар он феҳрасҳо норозӣ будагист...”

Парвиз Назаров: “На, кӯшиш мекунам, то ба ҳама посух нависам ва ин сӯҳбатҳо бароям хеле ҷолибанд. Ҷолиб аз он нукта, ки аз фикри одамон оид ба он ё ин суруд ва умуман худам хабардор мешавам. Интернет ба ман писанд аст ва бо камоли майл дар он вақтамро мегузаронам. Ҳамеша ҳамроҳам лаптоп дорам ва ҳар вақте ки хостам, аз кадом гӯшаву канори дунё, ки набошад, ба Интернет даромада метавонам. Ин хеле хуб аст. Ҳамсарам низ маро мефаҳмад.”

Озодӣ: “Фарзандонат бо забони падарашон сӯҳбат мекунанд? Аҷиб аст, ки номи хонаводагияшон чӣ бошад, Назаров ё Парвиззод, чуноне ки ҳоло мӯд аст? Умуман, дар бораи ин мавзӯъ чӣ фикр дорӣ, оё муҳим аст, ки одамон донистани забони модарияшонро бидонанд?

Парвиз Назаров: “Бале, забони модарӣ хеле муҳим аст. Забони модарӣ имкон медиҳад, то инсон бо решаҳои худ, бо фарҳанги худ робитаро гум накунад. Фарзандонам мисли ман Назаров ҳастанд. Ҳамон гунае, ки гузаштагонам Назаров буданд.”

Озодӣ: “Мегӯӣ, забони модарӣ муҳим аст. Ораш форсиро ба андозае маъруф кард, ки ибораҳои “тике-тике” ва “буру-буру” ҳатто аз забони ҷопониҳо садо медиҳад. Фикр мекунам, сурудҳои тоҷикии Парвиз низ баъзе ибораҳои тоҷикиро ба забони ҷавонҳои қазоқ ворид кардааст. Фикр мекунам, имрӯзҳо “Чарх бизан”-у “Рақс бикун” аз мп3-плейер ва айподҳо ба гӯшҳои ҷавонҳои Алмативу Остона медарояд ва аз лабонашон берун мешавад....”

Парвиз Назаров: “Бале, “Чарх Бизан” ахиран дар шабакаҳои телевизионии Қазоқистон хеле ҳам чарх зад. Қаблан низ сурудҳои зиёди тоҷикӣ буданд, ки дар Қазоқистон садо медоданд. Ва мардум низ аз он истиқбол мекарданд. Ин хеле хуб аст. Дар муқоиса бо Тоҷикистон, ки мутаассифона, агар сабук карда, гӯем, ин клипро (“Чарх Бизан”) ҳатто намоиш додан ҳам нахостанд. Хеле ҳам боиси таассуф аст.”

Озодӣ: “Бархе аз сарояндаҳои тоҷик дари мухлисони эронӣ ва афғонро мекӯбанд ва ба олами мусиқии он ҷо низ бо муваффақ ворид шудаанд. Парвиз нияти рӯ овардан ба он бозорро надорад?”

Парвиз Назаров: “Дар ҳоли ҳозир, не, чунин нақшаҳо надорам. Вале агар имкон пайдо шуд, бо камоли майл самти фаъолияти худро васеъ мекунам ва боз сурудҳои бештар бо забони модарӣ иҷро хоҳам кард.”

Озодӣ: “Ту ҳоло аз куҷо дар тамосӣ? Аз Алмати? Соат он ҷо чанд аст? Ман худро нороҳат ҳис мекунам, ки дар нисфи шаб нафареро нороҳат дорам”

Парвиз Назаров: “Ман дар студияи худам, дар манзилам мебошам. Соат 1:54 (-и шаб) аст. Ту маро ташвиш намедиҳӣ. Ман аллакай ба шабкорӣ одат кардаам.”

Озодӣ: “Ок, пас охирин суол. Ҳамсарат палав пухта метавонед?”

Парвиз Назаров: “Албатта, палави хеле бомазза мепазад. Боз қурутоби олиҷаноб омода карда метавонад. Даҳони одам об мекушояд!”

Озодӣ: “Хеле хуб, ташаккур барои посухҳо ба суолҳои ман ва суолҳои боқимондаамро дар сари дастархони ту, ҳангоми тановули палав ва қурутоб хоҳам пурсид”.

Парвиз Назаров: “Бо ҷону дил. Хеле хурсанд хоҳам шуд. Ҳамеша марҳабо.”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG