Пайвандҳои дастрасӣ

АР: Зиёевро ба Душанбе оварданд


Хабаргузории Ассошейтед Пресс аз қавли дафтари додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин, ки ахиран боздошт шудааст, ба Душанбе оварда шуд. Ӯ ва панҷ ҷангиёнаш дар Тавилдара баъди як амалиёти вижаи нирӯҳои қудратӣ боздошт ва ба пойтахт оварда шуданд. Феълан мушаххас нест, ки иттиҳоми расмии ӯ ва ҳамроҳонаш чист.
Дар ҳамин ҳол, мақоми баландпояе дар мақомоти қудратии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Интерфакс гуфтааст, ки эҳтимол дорад Зиёев ба таъсиси гурӯҳи низомӣ, нигаҳдории силоҳ ва омодагӣ ба ғасби қудрат муттаҳам шавад.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки аз ҳамон нафароне, ки ба посгоҳ ҳамла карданд, се нафар кушта шуданд, як нафар захмӣ шуда ва баъдан ӯ ҳам ба ҳалокат расидааст. Аз ҷониби ҳукумат ҳеҷ кас осеб надидааст, гуфтааст манбаи Интерфакс. Гуфта мешавад, ки дар ҳуҷум болои посгоҳи полис рӯзи чоршанбе аз 12 то 15 нафар ширкат карданд. Тибқи иттилои ҳамин манбаи баландпоя ҳуҷумкунандаҳои посгоҳ баъдан барои кӯмак ба Мирзо Зиёев муроҷиат карданд, ки "қасди ғасби ҳукумати маҳаллиро дошт".
Ва рӯзи ҷумъа ҳангоми амалиёти вижаи ниҳодҳои қудратӣ дар Тавилдара Зиёев бо панҷ нафар аз ҷангиёнаш ба нирӯҳои ҳукуматӣ таслим шуд.
XS
SM
MD
LG