Пайвандҳои дастрасӣ

AFP: Боздошти Зиёев дар иртибот бо ҳамла ба посгоҳ


Тибқи гузоришҳо, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар натиҷаи амалиёти низомие дар ноҳияи Тавилдара, шарқи кишвар Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳолатҳои изтирории кишвар ва фармондеҳи собиқи нирӯҳои мухолифинро боздошт карданд. Хабаргузории Франс-Пресс аз қавли як сухангӯи вазорати дохила, ки нахост номаш бурда шавад мегӯяд, ки боздошти вазири пешин дар робита бо ҳамла ба посгоҳи низомие дар наздикии марз бо Афғонистон сурат гирифтааст, ки рӯзи чоршанбе рӯй дод. Дар он ҳодиса дасти кам се ҳамлагар кушта ва панҷ нафар маҷрӯҳ шуданд. Сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки Мирзо Зиёев ҳамроҳ бо панҷ шарики мусаллаҳаш боздошт гардид. Аммо то ин лаҳза вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба таври расмӣ ин хабарро на тасдиқ ва на такзиб намекунад. Дар сӯҳбат бо Озодӣ сухангӯи вазорат гуфт, ки онҳо дар садади таҳияи баёнияи расмии худ дар робита бо ин хабар мебошанд. Боздошти Мирзо Зиёев дар шароите сурат мегирад, ки чандин моҳи охир аз минтақаи Рашт сару садоҳо оид ба вуҷуди кадом як амалиёти зиддиҷангиён ба гӯш мерасад. Мақомоти расмии Тоҷикистон аз он ба ҳайси амалиёти "Кӯкнор-2009", ки зидди қочоқи маводи мухаддир равона шудааст, ёд мекунанд.
XS
SM
MD
LG