Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми зиндони гурӯҳи нажодпарасте дар Фаронса


Додгоҳе дар пойтахти Фаронса раҳбари як гурӯҳи ҷиноиро барои одамрабоӣ бар асоси адовати нажодӣ, шиканҷа ва куштори як ҷавонмарди яҳудӣ ба ҳукми тӯлонии зиндон маҳкум кард. Бар тибқи қонунҳои Фаронса Юсуф Фофанаи 28-сола бояд дасти кам 22 соли умрашро барои куштори Илон Ҳалимии 23-сола дар соли 2006 дар зиндон сипарӣ кунад. Фофана, ки худро ҳамчун як рӯҳонии тундрави исломӣ муаррифӣ мекунад, гурӯҳеро раҳбарӣ мекард, ки худро ҳамчун "барбариҳо" муаррифӣ карда бо рабоиши яҳудиҳо машғул мешуд. 24 нафари дигар, аз ҷумла ҳашт зан инчунин барои ҷиноятҳои марбут ба одамрабоӣ ва куштор муттаҳам шуданд. Додситонҳо гуфтанд, ки Ҳалимӣ беш аз се ҳафта боздошт ва мавриди шиканҷа қарор гирифта баъд кушта шудааст. Ин ҳодиса нигарониҳои гурӯҳҳои зиддисайҳунистии Фаронсаро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG