Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими хоксупории 534 нафар дар Сребренитса


Рӯзи шанбе ҳазорҳо мусалмонон дар Сребренитса барои ширкат дар маросими хоксупории 534 ҷасади тоза ошкоршудаи қурбониҳои кушторҳои ҷамъии 14 соли пеш дар Босния ҷамъ омаданд. Ин 534 ҷасад қурбонӣ бахше аз ҳамон ҳашт ҳазор мардони ҷавону миёнсоли мусалмон мебошанд, ки аз ҷониби нируҳои сербҳои босниягӣ баъди моҳи июли соли 1995 таҳти ҳимояти СММ гузаштани минтақа қатли ом шуданд. Ин яке аз охирин мавридҳои қатли дастаҷамъӣ дар Аврупо баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ба шумор меравад. Барои ширкат дар маросими хоксупории имрӯза, ки дар қабристони Поточарии Сребренитса баргузор шуд, чандин ҳазор нафар ҷамъ шуданд. Дар ин оромгоҳ аллакай 3200 нафар қурбониҳои кушторҳои ҷамъӣ хок супурда шудаанд. Боқимондаҳои ҷасадҳо мардони 14 то 72-соларо дар бар мегирад. Аксари онҳо дар гӯри дуюми дастаҷамъие ошкор шуданд, ки аз ҷониби сербҳо барои пинҳон кардани ҷиноятҳои ҷангиашон кофта шудааст. Парлумони Аврупо моҳи январи имсол рӯзи 11 июлро ҳамчун рӯзи ёдбуди хотири наслкушиҳои Сребренитса унвон карда аз давлатҳои қора даъват кард, ки хотири қурбониҳои ин ҳодисаҳои хунинро шод кунанд.
XS
SM
MD
LG