Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори сарбози бештари бритониёӣ дар Афғонистон


Бритониё эълон кард, ки бо куштори ҳашт сарбози бритониёӣ дар 24 соати ахир дар Афғонистон шумори қурбониҳои ин нирӯҳо дар Афғонистон назар ба Ироқ бештар шуд. Тибқи иттилои вазорати дифои Бритониё шумори сарбозони кушташуда дар даҳ рӯзи охир ба 15 нафар баробар шудааст. Шумори куллии сарбозони дар Афғонистон кушташуда аз замони шурӯи амалиёти зиддишӯришиён дар соли 2001 ба 184 нафар баробар шуд, дар ҳоле, ки дар ҷанги Ироқ 179 нафар сарбози бритониёӣ ба қатл расида буд.
Нахуствазир Гордон Браун гуфт, ки нирӯҳои бритониёӣ дар баробари як "тобистони хеле сахт" дар ҷанги зиддитолибон қарор дорад, аммо ба хотири таъмини шароити баргузории интихоботи озоду шаффоф дар моҳи август бояд ба рисолатҳои худ идома диҳанд. Браун гуфт:

"Мо бояд барои баргузории интихоботи озоду шаффофе дар Афғонистон мусоидат кунем. Ва мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро барои кӯмак ба нирӯҳо анҷом диҳем, чунки онҳо ҳаёти худро барои демократия ва мубориза бо терроризм қурбон мекунанд. Ин як тобистони сахт аст. Он ба анҷом нарасидааст, аммо хеле муҳим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ӯҳдадориҳояш побанд бошад".

Нирӯҳои бритониёӣ ҳамроҳ бо амрикоиҳо ба амалиёти густардае дар ҷануби Афғонистон ҷалб шудаанд, ки ҳамчун пойгоҳи муҳими Толибон дар вилоятҳои Ҳилманду Қандаҳор маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG