Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон бастаи пешниҳодҳоро омода мекунад


Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки Теҳрон як бастаи нави масоили "сиёсиву амниятӣ ва байналмилалиро" таҳия дорад, ки мехоҳад ба манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш кунад. Вазири хориҷа Манучеҳри Муттакӣ инчунин рӯзи шанбе гуфт, ки Эрон аз нишасти гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи мавсум ба G-8, ки рӯзи ҷумъа дар Итолиё хотима ёфт, ҳеҷ паёме дарёфт накардааст. Дар нишасти ахири ин гурӯҳ раҳбарони ҷаҳон ба Эрон то моҳи сентябр фурсат доданд, ки дар робита бо барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш вориди музокирот шавад. Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико ҳам рӯзи ҷумъа Эронро ҳушдор дод, ки агар то фурсати моҳи сентябр омодагии худро барои шурӯи музокирот ба намоиш нагузорад, бо паёмадҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG