Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Обама аз Ғано


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама рӯзи шанбе меҳмони Ғано, соҳилҳои ғарбии қораи Африқо шуд, ки ҳамчун нахустин боздиди расмии ин раҳбари сиёҳпӯсти Иёлоти Муттаҳида аз як давлати африқоӣ ба ҳисоб меравад. Обама бо раиси ҷумҳурии Ғано мулоқот карда қарор аст дар Акра дар баробари парлумон суханронӣ кунад. Инчунин вай аз яке аз бахшҳои соҳилҳои ҷазира дидан мекунад, ки замоне барои интиқоли ғуломон ба Амрико истифода мешуд. Обама гуфт, ки вай ба хотири дорои як демократияи амалкунанда будани Ғано, иқдомҳои воқеии зиддифасоди раҳбарияти ин кишвар ва нишонаҳои бараълои пешравиҳо дар иқтисодиёти ин кишвар аз он дидан мекунад. Падари Обама шаҳрванди Кения буд, ки баъдан ба ИМА муҳоҷират кардааст. Авлоди Мишел, ҳамсари Обама аз ғуломони африқоитаборест, ки ба Амрико оварда шудаанд.
XS
SM
MD
LG