Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо дар бораи таслим шудани Мирзо Зиёев


Мирзо Зиёв, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулода
Мирзо Зиёв, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулода

Хабаргузории "Азия Плюс" мегӯяд, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифини тоҷик Мирзо Зиёев дар Тавилдара дастгир шудааст.

"Азия Плюс" бо такя ба манобеъаш дар яке аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон менависад, фармондеҳи пешини мухолифин ва вазири собиқи ҳолоти изтирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага, дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои қудратӣ дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара дастгир шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамроҳ бо Зиёев 5 тан аз ёрони з низ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, амалиёти таъқиби афроди дигари марбут ба ин гурӯҳ дар Тавилдара идома дошта, феълан масъалаи таҳвили Мирзо Зиёев аз шарқи Тоҷикистон ба пойтахт, шаҳри Душанбе дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вазорат дар садад аст, дар мавриди вазъи Тавилдара ба зудӣ иттилоъи расмӣ пахш кунад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз манобеъи наздик ба фармондеҳони собиқи мухолифин ба сиҳҳати хабари нашршуда шакк доранд ва мегӯянд, ҳадди ақал то шоми ҷумъа Мирзо Зиёев ҳанӯз дар озодӣ ба сар мебурд ва вазъро таҳти назорат дошт.

Хабаргузории "Азия Плюс" ҳамзамон аз қавли манбаъаш дар мақомоти қудратӣ ҳамчунин дар бораи ҷузъиёти задухӯрди шоми 8 июл дар мавзеъи Сафедхоки Тавилдара хабар дода, аз қавли ин манбаъ менависад, дар он задухӯрд 3 нафар кушта шудава якеи дигар бо номи Қиёмуддин бар асари захмҳои дар он даргирӣ бардоштааш баъди ду рӯз даргузашт.

Манъбаъи "Азия Плюс" он ҳамларо кори дасти гурӯҳи марбут ба сокини маҳаллӣ Неъмат Азизов медонад, ки дар гузашта дар вазорати ҳолоти изтирорӣ ифои вазифа мекард ва гурӯҳи ӯ ба қатли як афсари вазорати дифоъ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи манбаъи "Азия Плюс", дар пайи нокомии ҳамла ба посгоҳ дар Сафедхок гурӯҳи Неъмат Азизов ба самти Чилдара фирор карда, аз Мирзо Зиёев кӯмак мехоҳад ва Зиёев, ба гуфтаи мусоҳиби "Азия Плюс", ба онҳо ҳамроҳ мешавад.


Гуфта мешавад, Зиёев ва ёронаш қасд доштаанд, ҳукумат ва шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Тавилдараро ғасб кунанд, вале нирӯҳои давлатӣ рӯзи 9 июл амалиёти муҳосираи гурӯҳи силоҳбадастро оғоз карданд, ки дар натиҷаи он рӯзи 10 июл Мирзо Зиёев бо 5 тан аз ёронаш ба мақомот таслим шуд.

Ҳолномаи Мирзо Зиёев

Мирзо Зиёев соли 1960 дар рустои Хоҷаи Ҳиҷози ноҳияи Панҷи вилояти вақти Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ӯ техникуми саноатии Душанберо бо ихтисоси техник-топограф хатм карда, то соли 1992 дар зодгоҳаш – ноҳияи Панҷ ҳамчун топограф кор мекард. Зиёев дар соли 1992 ба ҳайъати нирӯҳои мухолифин пайваст ва дар пайи пирӯзии нирӯҳои Фронти халқӣ, ки дар поёни соли 1992 ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро сари кор овард, ба Афғонистон фирор кард.

Ӯ соли 1994 ҳамроҳ бо як гурӯҳи бузурги нирӯҳои мухолифин марзро дубора гузашт ва дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара, ки ватани бобоии ӯст, мустақар шуд. Тавилдара дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон як саҳнаи аслии даргириҳои сангин байни нирӯҳои давлат ва мухолифин буд пирӯзиҳову пешрафтҳои муҳими Мирзо Зиёев дар ҷабҳаи Тавилдара исми ӯро дар радифи фармондеҳони аввали мухолифoн овард.

Мирзо Зиёев дар тобистони соли 1999 тибқи саҳмияи сидарсадии оппозисиюн ба ҳайъати ҳукумат омад ва вазири ҳолоти изтирории Тоҷикистон таъйин шуд. Зиёев дар ин симат то поёни ноябри соли 2006 кор кард ва ба дунболи интихоби дигарбораи Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд.

Ҳамагӣ 5 моҳ баъди ин Ожонси мубориза бо фасод эълон кард, ки ба таҳқиқи фаъолиятҳои вазорати ҳолоти изтирорӣ дар даврони раҳбарии Мирзо Зиёев пардохта, сирқати 129 000 сомониро дар ин идора кашф кардааст. Аммо бо гузашти беш аз 2 сол мақомот дигар нагуфтанд, ки таҳқиқи ин парванда оё ҳанӯз идома дорад ва агар ҳа, ба куҷо расидааст.

Мирзо Зиёев ба дунболи барканориаш аз ҳайъати ҳукумат гоҳе дар Душанбе, вале аксаран дар зодгоҳи бобоияш – Тавилдара дар як манзили сеошёна дар кӯчаи Вахёи маркази ноҳия ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG