Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попи Рум Обамаро ба ҳузур пазируфт


Попи Рум Бенедикти 16 баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар Ватикан раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро ба ҳузур пазируфт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин мулоқот онҳо мубориза бо фақру қашшоқӣ ва тағйири иқлими сайёраро баррасӣ карданд. Мулоқоти Бенедикти 16 ва Барак Обама баъд аз хатми нишасти серӯзаи сарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам дар шаҳри Лакуиллаи Италия баргузор шуд, ки дар он, аз ҷумла, ин ду мавзӯъ - мубориза бо фақру қашшоқӣ ва тағйири иқлими сайёра мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Дар арафаи ин нишаст дар энтсиклик – паём ба афроди худоҷӯ Попи Рум ба зарурати ислоҳоти СММ ишора карда навишта буд, ки ин ниҳод бояд ба мушкилоти халъи силоҳ, мубориза бо фақру гуруснагӣ ва ҳифзи муҳити зист машғул шавад.
XS
SM
MD
LG