Пайвандҳои дастрасӣ

Чин масҷидҳои Урумчиро таҳти назорат гирифт


Бо вуҷуди тасмими мақомоти Чин дар бораи бастани масҷидҳои шаҳри Урумчӣ, дар бархе аз ин масоҷид намози ҷумъа баргузор шуд.

Дарвозаҳои масоҷиди Умурчӣ баъди он боз шуданд, ки гурӯҳи бузурги мусалмонҳо дар канори онҳо ҷамъ омада тақозои иҷозаи вуруд карданд. Ва аммо то ҳанӯз рушан нест, ки мақомот тасмими қаблии худ барои бастани масоҷидро лағв кардаанд ва ё мақомоти амниятӣ аз ҳароси нооромиҳои нав дарҳои бархе аз ибодатгоҳҳоро боз намуданд. Ва ҳамчунин маълум нест, ки дар чанд масҷиди ин шаҳри дорои беш аз 2 миллион аҳолӣ намози ҷумъа баргузор шудааст.

Қаблан мақомоти Умурчӣ, маркази вилояти Шинҷон, воқеъ дар шимолу ғарби Чин эълом доштанд, ки масҷидҳои шаҳр рӯзи ҷумъа баста хоҳанд буд. Як мақоми маҳаллӣ бидуни ифшои ному насабаш гуфт, ки тасмим дар бораи баста шудани масоҷид ба хотири таъмини амнияти миллӣ гирифта шудааст. Ва аммо дарҳои Масҷиди Сафед, яке аз маъруфтарин ибодатгоҳҳои Урумчӣ баъди талаби садҳо нафар барои иҷозаи вуруд ва намозгузорӣ боз шуданд.

Як корманди полис, ки худ уйғур аст, гуфт, муҳофизон дарвозаҳои масҷидро ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ боз карданд. Баъдан тақрибан 500 нафари дигар дар канори Масҷиди Сафед ҷамъ омаданд, то ки ба сафи тақрибан ҳазор тан аз намозгузорон ҳамроҳ шаванд. Яке аз намозгузорон, ки худро Аҳмадҳоҷӣ муаррифӣ кард, гуфт, агар мақомот ба мардум барои вуруд ба Масҷиди Сафед иҷоза намедоданд, шояд бадбахтии бузурге рух медод.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дарвозаи масҷиди мансуб ба Ҳуӣ, чиноиҳои мусалмон низ таҳти фишори намозгузорон боз карда шуд. Ва аммо ба гурӯҳи намозгузорон вуруд ба масҷиди Донг Курук Бридҷ муяссар нагардид. Як тан аз намозгузорон, ки ошуфтаву қаҳролуд буд, тасмими ҳукумат барои бастани масоҷидро чун “таҳқир” арзёбӣ кард. Ӯ бо ишора ба кормандони хадамоти амнияӣ, ки дар дохил ва дар манораҳо мустақар шудаанд, гуфт, ба намозгузорон вуруд ба масҷидро дар ҳоле иҷоза надодаанд, ки ба ибодатгоҳ кофирҳо роҳ ёфтаанд.

Дарҳои Масҷиди Сафед - яке аз масҷидҳои маъруфтарини Урумчӣ пас аз талаби садҳо намозгузор боз шуданд
Коршиносон мегӯянд, тасмими Ҳизби ҳукмрони комунисти Чин бо ҳарос аз он марбут аст, ки дар як бино ҷамъ омадани теъдоди бузурги уйғурҳои мусалмон шояд боиси идомаи нооромиҳо дар Урумчӣ шавад. Дар ҳамин ҳол, Қин Ганг, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин гуфт, ки Пекин тавони мустақилона ҳал кардани бӯҳрон дар вилояти Шинҷонро дорад ва ба дахолати ҷомеъаи байнулмилалӣ ниёз нест.

Қин Ганг гуфт, “ҳукумати Чин тибқи қонун, аз чораҳои қатъӣ кор гирифт. Ин масъалаи комилан дохилии Чин аст. Ягон далеле мавҷуд нест, ки ин мавзӯъро Шӯрои амнияти СММ баррасӣ кунад. Мо умедворем, ки ҷомеъаи байнулмилалӣ ҳақиқатро рушан мебинад ва талошҳои Чин барои ҳифзи якпорчагии хоки мо, барои ягонагии гурӯҳҳои қавмии Чин ва барои эътидоли иҷтимоиро дарк карда аз онҳо пуштибонӣ менамояд”.

Гуфта мешавад, дар Шинҷон солҳои боз низоъҳои қавмӣ миёни уйғурҳои маҳаллӣ ва чиноиҳои аз дигар манотиқ ба ин ҷо кӯчбаста вуҷуд дорад. Ва аммо Қин Ганг мегӯяд, ки хушунати қавмӣ дар Урумчӣ аз сӯи се нерӯи харобкори мустақар дар хориҷ – ифротгароҳи мазҳабӣ, ҷудоихоҳон ва террористҳо тарҳрезӣ ва ташкил шудааст.

Пекин дар нооромҳои ахир, аз ҷумла, Конгрессии ҷаҳонии уйғурҳо ва раҳбари он Робия Қодирро, ки дар ҳиҷрат дар Амркио ба сар мебарад, айбдор намуд. Ва аммо хонум Робия Қодир ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, ки сарчашмаи аслии ҳамам мушкилоти мардуми Шинҷон – сиёсати таъқибу фишор аз сӯи ҳукумати коммунистии Чин аст, ки даҳсолаҳо боз идома меёбад.

Раҳбари Конгрессии ҷаҳонии уйғурҳо гуфт, «ман умедворам, ки ҳарду ҷониб аз мусолиҳа ва хештандорӣ кор мегиранд. Ман ҳамчунин умедворам, ки ҳукумати Чин аз пахши иттилоъи якҷониба ва фиреби мардум даст мебардорад, ба саркӯбсозии муқовимат хотима мегузорад ва ба мардум иҷоза медиҳад, ки ҳарфи худро бигӯянд ва он вақт сулҳу эътидол ба даст хоҳад омад. Мансабдорони чиноӣ гуфтанд, ки онҳо мардуми зиёдеро ба қатл мерасонанд ва теъдоди аз он бештарро равонаи зиндон мекунанд. Ин гуна рафтор вазъи минтақаро бештар муташанниҷ месозад”.

Ёдовар мешавем, ки бар асари нооромиҳо ва саркӯбшавии тазоҳуроти чанд рӯзи пеш дар шаҳри Урумчӣ беш аз 150 нафар ба ҳалокат расиданд. Беш аз якуним ҳазор нафар, асосан, уйғурҳо боздошт шудаанд. Дар Умурчӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст ва хиёбонҳои шаҳр таҳти ҳифозати низомиёни кишвар қарор дорад.
XS
SM
MD
LG