Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи оромгоҳи дастаҷамъӣ дар Косово


Дар шарқи Косово оромгоҳи дастаҷамъӣ ошкор гардид. Дар ин бора масъулини полиси байнулмилалии Косово хабар доданд ва гуфтанд, ки айни ҳол дар ин ҷо ҷасади 8 нафар пайдо шуда ва аммо шояд ҷасадҳои дигар ҳам ошкор шаванд. Соли 1998 замони ҷанг дар Косово, дар ин мавзеъ постгоҳи артиши Югославия мустақар буд.
Бар асари "поккориҳои қавмӣ" дар Косово дар охирҳои солҳои 90-ум тақрибан 10 ҳазор нафар кушта шуданд. Тақрибан ду ҳазор нафар то ҳол беному нишон ғайбзада маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG