Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти G-8 дар Лакуилла поён ёфт


Дар шаҳри Лакуиллаи Италия нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам поён ёфт. Дар рӯзи ахири нишаст тасмим гирифта шуд, ки тайи се соли оянда ба бахши кишоварзии кишварҳои фақири олам 20 миллиард доллар сармоягузорӣ кунанд. Ин маблағ назар ба интизорот 5 миллиард доллар бештар аст. Зимни қабули санади амнияти озуқа дар нишаст раҳбарони бархе аз кишварҳои қораи Африқо низ ширкат доштанд.
Барак Обама дар поёни нишаст дар робита ба натоиҷи он ва аз ҷумла, дар бораи қазияи барномаи ҳастаии Эрон, ба хабарнигорон гуфт: "Дар Эрон мо ба хатари паҳншавии силоҳи ҳастаӣ рӯ ба рӯ мешавем. Дар нишасти феълӣ ширкаткунандагон изҳороти шадидуллаҳни муштарак қабул карданд, ки дар он аз Эрон даъват шудааст то ӯҳдадориҳои худ дар назди ҷомеъаи ҷаҳониро иҷро кунад".
Дар нишасти Лакуилла сарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам асосан сари чанд мавзӯъ – бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, мушкилоти тағйири иқлиму гармшавии ҳаво, мубориза бо фақр ва таъмини мардуми сайёра бо об баҳс карданд. Дар баррасии баъзе масоил раҳбарони панҷ давлати бузурги дар ҳоли рушд – Чин, Ҳинд, Бразилия, Африқои ҷанубӣ ва Кореяи ҷанубӣ низ ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG