Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилои додситонии вилояти Хатлон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ахиран 46 узви «Ҷамоаи Таблиғ боздошт шудаанд.

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ин афрод бо аъмоли худ бехатарии кишвар ва шаҳрвандонро зери суол мебурданд. Аммо додситонӣ мушаххас нагуфт, ки ин афрод чӣ коре мухолифи қонун анҷом додаанд.

Анвар Назаров, ёвари аршади додситони вилояти Хатлон, мегӯяд, 46 узви созмони мазҳабии «Ҷамоаи Таблиғ» бо раҳбарии Мулло Абдулло дастгир шудаанд ва ҳоло 23 тан аз ин афрод дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Вай гуфт, «4 ҳолат нисбат ба аъзои «Ҷамоаи Таблиғ» ошкор карда шуда, дар робита ба ҳамин ҳолатҳо нисбати 46 узви ин созмони экстремистӣ тибқи моддаи 307, яъне шомил шудан ба созмону ҳаракатҳои ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва ҳоло тафтишот идома дорад. Ҳоло 23 нафар аз боздоштшудаҳо баъди гирифтани забонхат дар бораи аз маҳалли сукунат берун нарафтан раҳо шуда, 23 нафари дигар бо шумули Мулло Абдулло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешаванд».

Боздошти гурӯҳи 46-нафарии пайрави «Ҷамоаи Таблиғ» баъд аз он сурат гирифт, ки дар моҳи апрел кормандони раёсати корҳои дохилӣ ва бахши Кумитаи амният дар вилояти Хатлон пайравони ин равияи мазҳабиро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Бохтару Балҷувон боздошт карда буданд.

Он замон, ба гуфтаи мақомоти милиса, аксари боздоштшудаҳо баъди пурсиши муфаттишон ҷавоб дода шуда, алайҳи онҳо ҳеҷ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ нагардида буд.

Яке аз 23 пайрави «Ҷамоаи Таблиғ», ки ҳоло дар озодисту алайҳи вай ҳам парванда боз шудааст, мегӯяд, фаъолияти ин созмони мазҳабӣ ба қонунҳои кишвар муғойират надорад ва ғайр аз таблиғу ташвиқи Ислом ва мазҳаби Ҳанафия ба ҳеҷ фаъолияти сиёсӣ ё ғайр машғул нест.

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди Қаландар Садурдинзода, раиси созмони хатлонии Ҳизби Наҳзати Исломӣ, сарусадоҳо дар мавриди хатарзо будани мавҷудияти «Ҷамоаи Таблиғ» ба амнияти кишвар бепоя мебошанд.

Вай афзуд, «ин ҷараён наву тозапайдо нест, аз қадим ин ҷараён дар фарҳанги динии мо вуҷуд дошт. Он ҳама даъвату коре, ки пайравони «Ҷамоаи Таблиғ» анҷом медиҳанд, холӣ аз сиёсат аст ва ноамние ба вуҷуд намеоранд».

Ва аммо гурӯҳи дигар аз коршиносони масоили амниятӣ ва ҳуқуқ бо таъкид ба ақоиди экстремистӣ ва зиддиконститутсионии пайравони «Ҷамоаи Таблиғ» боздошт ва ҳабси ононро амри дуруст мешуморанд.

Ҳуқуқшинос Варқа Зайниддинов мегӯяд, «мақсади пайравони «Ҷамоаи Таблиғ» баргашт ба хилофати исломӣ аст. Ин ҳама кори созмон аз кишварҳои Покистон, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб сарчашма мегирад. Аз ҷараёни Салафия қариб фарқият надоранд. Мақсад баргаштан ба давраи ҷаҳони ислом ва даст кашидан аз сохти конститутсионии кишвар аст. Барои ҳамин ҳам кору фаъолияти ин созмон ҳам ғайриқонунӣ дониста шудааст, ба монанди Салафия…»

Ба гуфтаи додситонии Хатлон, фаъолияти созмони мазҳабии «Ҷамоаи Таблиғ» дар Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи олии кишвар моҳи марти соли 2006-ум ба сабаби экстремистию террористӣ шинохта шудан, мамнӯъ гардидааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузаштаи начандор дур созмони «Ҷамоаи Таблиғ»-ро як ҷараёни мазҳабии экстремистӣ номида, гуфтааст, ки ҳадафи ниҳоии ин ҷараён (ки гӯё марказаш дар яке аз музофотҳои Ҳиндустон воқеъ аст) «исломисозии ҷаҳон» будааст.

Фаъолони «Ҷамоаи Таблиғ» асосан дар муассисоти вижаи Покистон, Ҳиндустон ва Индонезия таҳсил карда, масҷидҳоро мавзеи асосии «фаъолияти миссионерӣ»-ашон ихтиёр кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG