Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Аун Сан Су Чӣ аз сар гирифта шуд


Дар Мянмар мурофиаи додгоҳӣ алайҳи раҳбари мухолифин ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чӣ аз сар гирифта шуд. Мақомоти кишвар ӯро дар вайрон кардани муқаррароти ҳабси хонагӣ айбдор мекунанд. Агар ин иттиҳом тайид шавад, хонум Аун Сан Су Чӣ барои 5 сол равонаи зиндон хоҳад шуд. Ҳукумати низомии Мянмар ташрифи як амрикоиро ҳамчун баҳона барои тамдиди боздошти Аун Сан Су Чӣ истифода мекунанд, ки охири моҳи гузашта бояд поён меёфт. Дар шурӯъи мурофиаи додгоҳӣ Аун Сан Су Чӣ иттиҳом дар бораи нақзи муқаррароти ҳабси хонагиро рад карда буд.
Ҳафтаи гузашта мақомоти Мянмар ба Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун иҷозаи мулоқот бо Аун Сан Су Чиро надоданд. Қабл аз тарки ин кишвар Бан Ки Мун ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин амали мақомоти Мянамр "амиқан ноумед" шудааст. Дар ҷараёни сафараш ба Мянмар ӯ дар робита ба ба раҳоии маҳбусони сиёсӣ ду бор бо раҳбари низомии режим Тан Швен мулоқот кард ва аммо посухи рад гирифт.
XS
SM
MD
LG