Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меҳроҷиддин Каримов, муштзани ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷоизаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Мартирос Нагулян дар шаҳри Адлери Русия ғолиб шуд.

Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии варзидаи бокси тоҷик, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои чаҳорумин бор баргузор шуд, ҳудуди 400 варзишгар аз Русия, Беларус, Тоҷикистон, Узбакистон ва Абхазистон ширкат варзиданд.

Шарафи Тоҷикистонро чаҳор нафар шогирдони мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе ҳимоя карданд.

Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг бо рақибаш Мирасад Асадов, аз шаҳри Адлери Русия, барои дарёфти ҷои аввал зӯрозмоӣ кард. Оқои Маҳмадҷонов мегӯяд, ин қувваозмоии пуршиддат 5 раунд идома ёфт. Доварон якдилона Меҳроҷиддин Каримовро аз рӯи холҳо бо натиҷаи 5:0 пирӯз донистанд.

Меҳроҷиддин Каримови 17-сола барои дуввумин бор аст, ки дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат карда, натоиҷи баланд ба даст меорад. Ба назари коршиносон ин муштзани ҷавони тоҷик дар оянда дар арсаи ҷаҳон машҳур хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол қадаш 2 метру 17 сантиметр мебошад, ки нисбат ба муштзани машҳури рус Николай Валуев 3 сантиметр ва нисбат ба бародарон Владимир ва Виталий Кличкои укроинӣ 11 сантиметр баланд аст.

Вале, мегӯяд Абдурашид Маҳмадҷонов, дар айни ҳол вазни Меҳроҷиддин ба қадаш мувофиқ нест. Зеро бо чунин қад вазни ӯ бояд 125 – 130 кг бошад. Вале ҳоло Меҳроҷиддин 105 кг вазн дорад.

Ба иттилоъи Абдурашид Маҳмадҷонов, инчунин, ду шогирди дигари ӯ - Шӯҳрати Абдулазиззода дар вазни то 64 кг ва Акмал Рустамов дар вазни то 69 кг - дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Мартирос Нагулян ҷойҳои севумро касб карданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG