Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенедикти 16 ва Барак Обама мулоқот мекунанд


Имрӯз дар Ватикан мулоқоти Попи Рум Бенедикти 16 ва раисиҷумҳури ИМА Барак Обама баргузор мешавад. Қарор аст, ки дар ин мулоқот онҳо мубориза бо фақру қашшоқӣ ва тағйири иқлими сайёраро баррасӣ кунанд. Мулоқоти Бенедикти 16 ва Барак Обама баъд аз хатми нишасти серӯзаи сарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам дар шаҳри Лакуиллаи Италия баргузор мешавад, ки дар он, аз ҷумла, ин ду мавзӯъ - мубориза бо фақру қашшоқӣ ва тағйири иқлими сайёра мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Дар арафаи нишасти G-8 дар энтсиклик – паём ба афроди худоҷӯ Попи Рум навишта буд, ки зарурати ислоҳоти СММ ба миён омадааст ва ин ниҳод бояд ба мушкилоти халъи силоҳ, мубориза бо гуруснагӣ ва ҳифзи муҳити зист машғул шавад. Бенедикти 16 ҳамчунин аз тақсими муайяни бархе аз боигариҳои олам ба хотири аз байн бурдани нобаробариҳои иҷтимоӣ ва кумак ба афроди ниёзманд низ ҷонибдорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG