Пайвандҳои дастрасӣ

150 корманди "Черкизово" аз Русия хориҷ мешаванд


Мақомоти Русия дар бораи ихроҷи 150 муҳоҷири хориҷӣ, ки қаблан дар бозори минтақаи Черкизовои Маскав кор мекарданд, тасмим гирифтанд. Ба иттилоъи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, онҳо асосан шаҳрвандони Вйетнам ва Чинанд. Ин муҳоҷирони корӣ бояд тайи даҳ рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд. Сабаби аслии ихроҷ – набудани корфармо эълон шудааст. Дар бозори Черкизово теъдоди бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон низ кор мекарданд ва аммо хабаргузориҳо дар бораи ба рӯйхати ихроҷшудаҳо шомил будан ё набудани онҳо иттилоъ надодаанд.
Кори бузургтарин бозори шаҳри Маскав бар асоси вазъи бади беҳдоштӣ ва осебпазир буданаш ба оташсӯзӣ барои 90 рӯз мутаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG