Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 медали паҳлавонони тоҷик дар Қазоқистон


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон дар шаҳри Уралск соҳиби 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ шуд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федератсияи гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки дар сатҳи баланд баргузор шуд ва яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳон ба ҳисоб мерафт, беш аз 200 варзишгари 5 кишвар аз рӯи 8 вазн қувваозмоӣ карданд.

Дастаи мизбон – Қазоқистон, ки соҳиби 7 медали тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ шуд, мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Русия бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷои дуввум қарор гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) севум шуд.
XS
SM
MD
LG