Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдбуди солгарди заминларзаи Ҳоит


Мардуми зиндамонда аз заминларза дар Ҳоит дар паҳлӯи рости дарёи Сурхоб деҳоти нав бунёд карданд

Мардуми зиндамонда аз заминларза дар Ҳоит дар паҳлӯи рости дарёи Сурхоб деҳоти нав бунёд карданд

10-уми июл ба заминларзаи мудҳиш ва харобиовари шаҳраки Ҳоити водии Рашт 60 сол пур шуд.

Дар ин робита имрӯз дар маркази Ҳоит маросими ёдбуд баргузор шуд, ки дар он сокинони маҳаллӣ ва намояндагони ҳукумат, аз ҷумла ҷонишини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва ҳамчунин фарҳангиёну хабарнигорон ширкат карданд.

Маъракаи ёдбуд бо бардоштани парда аз рӯи маҷмааи нави ёдгорӣ оғоз шуд, ки ҷои муҷассамаи "Модари Ҳоит"-ро гирифт. Пайкараи пешини ҳафтметраи «Модари Ҳоит» дар соли 1993 аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи номаълум хароб шуда буд.

Маҷмааи нав, ки аз сӯи пайкарасози тоҷик Сафарбек Қосимов сохта шудааст, аз се қисм - меҳроб, шоҳсутун ва гаҳвора - иборат аст ва рамзу нишонае аз ин заминларзаи мудҳиш мебошад.

Ҳамчунин дар назди ин маҷмаа таҳкурсии осорхонаи нав гузошта шуд, ки дар он ёдгориҳо аз ин ин фоҷеа гирд оварда хоҳад шуд.

Заминларзаи тақрибан 8 дараҷаӣ дар Ҳоит 60 соли пеш дар рӯзи 10-уми июли соли 1949 ба вуқӯъ пайваст ва ҳудуди 32 ҳазор нафарро кушта ва зери хок беномунишон кард. Ин серқурбонитарин заминларза дар таърихи Тоҷикистон мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG