Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Теҳрон гози ашковар ба кор бурданд


Мақомоти интизомии Эрон барои пароканда сохтани тазоҳуркунандагоне, ки бар зидди натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Теҳрон даст ба тазоҳурот заданд, гози ашковар ба кор бурданд. Нооромиҳои рӯзи панҷшанбе дар Теҳрон зоҳиран тазоҳуроти муҳими тӯдаҳо баъд аз он будааст, ки моҳи гузашта нируҳои амниятӣ эътирозкунандагони мухолифонро саркӯб карданд. Аммо шумораи тазоҳуркунандагон аз шумораи тазоҳуроти моҳи гузашта, ки дар он садҳо ҳазор ширкат доштанд, ба маротиб камтар будааст. Бино ба гузоришҳо, баъзеҳо дар даст чунин шиор доштанд:"Марг бар диктатор". Тазоҳуроти рӯзи панҷшанбе ба 10-ӯмин солгарди тазоҳуроти донишҷӯии соли 1999 ихтисос дошт.
XS
SM
MD
LG