Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тавилдараи Тоҷикистон чӣ мегузарад?


Бино ба хабарҳо, як гурӯҳи мусаллаҳ шабе пеш дар шарқи Тоҷикистон ба як посгоҳ ҳамла бурдааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз додани тавзеҳот дар ин бора худдорӣ кардааст. Вале Олим Одилов-собиқ муовини раиси шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи водии Рашт, ки бо бахши умури дохилаи ин ноҳия робита дорад ба РО чунин гуфт:

"Мо ҳамин саҳар шунидем, ки боз ҳамин саҳар задухӯрд шудагиву талафотҳо ҳастанду ярадорҳо ҳам ҳастанду лекин дина бегаҳӣ то шаб ҷанги сахт гузаштагӣ аст. Ҳатто ду-се фронт ташкил кардагӣ аст Мирзо Зиё".

Шоҳидони дигари айнӣ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, 8-ӯми июл 5 мошин талош кардаанд, роҳи худро ба сӯи Тавилдара боз кунанд.
XS
SM
MD
LG