Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама:дар мулоқоти Ҷӣ-8 "созиши тарихӣ" ҳосил шуд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, дар бораи коҳиши гозҳои гулхонаӣ дар мулоқоти Ҷӣ-8 дар шаҳраки Аквилаи Италияи "созиши тарихӣ" ҳосил шуд. Ин изҳороти Обама дар ҳоле садо дод, ки рӯзи чаҳоршанбе раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон розӣ шуданд, меъёри гармоиши кураи заминро дар ҳади ду дараҷа болои сифр нигаҳ доранд.
Бан ки Мун-Дабири Кулли СММ дар ин бора дар ҳоишяи мулоқот гуфт:

"Онҳо розӣ шуданд, ки гармоишро дар ҳудуди 2 дараҷа нигаҳ доранд. Онҳо розӣ шуданд, ки то соли 2050 гозҳои гулхонаиро то 50 дарсад коҳиш диҳанд".

Аз сӯи дигар, Обама ҳамчунин изҳор дошт, бисёре аз кишварҳои санъатӣ розӣ шудаанд, ки то соли 2015 барои ихтирои таҷҳизоти поксозии ҳавои сайора сармоягузориро ду баробар афзоиш диҳанд
XS
SM
MD
LG