Пайвандҳои дастрасӣ

5 эронӣ баъд аз 2 соли зиндон дар Ироқ озод шуданд


Мақомот мегӯянд, 5 корманди расмии Эрон, ки ду соли пеш аз сӯи нируҳои Амрико дар Ироқ боздошт шуда буданд, раҳо шудаанд ва дар ихтиёри сафоратхонаи Эрон дар Бағдод қарор гирифтаанд. Ин 5 нафарро нируҳои амрикоӣ ба ҳамкорӣ барои мусаллаҳ кардани нируҳои шиаи Ироқ муттаҳам мекарданд. Мақомоти Ироқ ва Амрико мегӯянд, ин 5 нафар бино ба дархости ҷониби Ироқ ва тибқи муқаррароти мувофиқатномаи миёни Амрико ва Ироқ озод шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG