Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико хостори ҳамкории комил бо Маскав аст


Генерал Патрик О"Рейлӣ-раиси ожонси дифоъи зиддимушакии вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, Вошингтон мехоҳад барои рафъи комили ихтилофот бо Маскав бар сари барномаҳои дифоъи зидди мушакии Амрико бо ҷониби Русия ҳамкорӣ кунад. Ин ихтилофот тақрибан даҳ сол давом дорад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ба ҷои идомаи иҷрои ин барнома бояд ақидаҳо пешниҳод шаванд. Дар чунин ҳолат ҳар ду ҷониб метавонанд тасмими муштарак бигиранд. Ин тавзеҳоти Патрик О"Рейлӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Обама дар бораи барномаҳои истиқрори 10 сипари зиддимушакӣ дар хоки Лаҳистон ва як маркази пешрафтаи радар дар ҷумҳурии Чех бо Маскав гуфтугӯро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG