Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии ҳама аъзои ИА аз номзадии Баррозо


Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз расман аз номзадии Жозе Мануэл Баррозо ба вазифаи президенти Комиссиюни Аврупо пуштибонӣ карданд. Нахуствазири Шветсия Фредерик Рейнфелдт, ки раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад, дар изҳороте гуфт, ки ҳамаи сарони давлатҳо барои қабули номзадии Баррозо "якдилона" мувофиқат карданд. Тасмим баъди гузаштаи як фурсати "48-соатаи хомӯшӣ" гирифта шуд, ки дар ин муддат ҳеҷ як аз 27 узви Иттиҳодияи Аврупо барои даври дуюми раҳбарии Баррозо мухолифат накард. Тасмими мазкур созиши сиёсиро, ки дар нишасти 18-19 июни соли ҷорӣ ҳосил шудааст, расман натиҷагирӣ кард. Ҳоло он бояд аз ҷониби парлумони Аврупо тасдиқ шавад.
XS
SM
MD
LG