Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигоҳи нав ба ояндаи иқтисоди ҷаҳон


Дар муаррифии гузориши нави IMF.

Дар муаррифии гузориши нави IMF.

Намояндагони Сандуқи байнулмилалии пул аз нишонаҳои оғози раҳоии иқтисодиёти ҷаҳон аз бӯҳрон хабар доданд.

Муаллифони гузориши нав дар бораи дурнамои иқтисодиёти ҷаҳон беҳбуди вазъи пулӣ беш аз онест, ки дар моҳи апрел пешгӯӣ мешуд ва ин беҳбуд ба рушди иқтисоди ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Бале, ҳарчанд ин тафовут ҳамагӣ ним дарсадро ташкил додааст, вале ним дарсад дар сатҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ маъни хеле бузург дорад.
Хабари хуш -- шиддати нерӯҳое, ки иқтисодиётро ба поён мекашанд, камтар шудааст...
Аммо муҳаққиқонро бештар на ҳаҷми тағйир, балки худи факти он водор кардааст, ки аз эҳтимоли қавии наҷоти ҷаҳон аз бӯҳрон сӯҳбат кунанд.

Иқтисодшиносони Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) натиҷаҳои таҳқиқи нави худро хушхабаре барои иқтисоди ҷаҳон номиданд. Вале дафъатан изофа карданд, ки ин як хушхабари нисбист ва ҷое барои ҷашну таҷлил надорад. Онҳо гуфтанд, ҷаҳон андак-андак аз бӯҳрон берун меояд, аммо бо суръати хеле паст ва дар натиҷа иқтисодиёт ҳамоно бемор боқӣ мемонад.

Муаллифони гузориши нав дар бораи дурнамои иқтисодиёти ҷаҳон менависанд, соли оянда ин рушд то дуним дарсад хоҳад расид, ҳарчанд то поён имсол иқтисодиёти ҷаҳон на 1,3, тавре ки дар моҳи апрел пешбинӣ мешуд, балки 1,4 дарсад коҳиш хофад ёфт.

Оливер Бланше, мушовир ва мудири бахши пажӯҳишҳои Сандуқи байнулмилалии пул, ки муаллифи асосии гузориши моҳи апрел буд, тағйири вазъро на бо арқому адад, балки бо ташбеҳи шоирона чунин шарҳ дод:

"Вақте ки ман дар моҳи апрели гузашта дурнамои иқтисодиро муаррифӣ мекардам, гуфта будам, ки аз ду нерӯи қавӣ, яке иқтисодиёти ҷаҳонро ба поён мекашад ва дигаре ба боло. Ба фикрам ҳамин ҳолат имрӯз низ боқӣ мондааст. Хабари хуш -- шиддати нерӯҳое, ки иқтисодиётро ба поён мекашанд, камтар шудааст ва хабари бад ин аст, ки нерӯҳои болокашандаи иқтисодиёт ҳамоно заъифанд."

Ҷаноби Бланше афзуд, таносуби байни ин ду нерӯ тадриҷан тағйир меёбад ва ин имкон медиҳад, гуфта шавад, ки ҳарчанд иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар бӯҳрон аст, шифои он аз роҳ мерасад. Аммо ин як шифои бисёр сусте хоҳад буд.

Ҳосе Винял, мушовир ва мудири бахши молияву бозор дар Сандуқи байнулмилалии пул дар ин нишасти хабарӣ гуфт, муҳимтарин омиле, ки ба қатъи пасрафт сабаб гашт, пуштибонии ҳукуматҳо аз бахши молиявӣ ва интиқоли хатар аз бахши хусусӣ ба бахши ҷамъиятии иқтисодиёт мебошад. Вай афзуд, чунин пуштибонӣ бояд идома пайдо кунад, вале бо дарназардошти мувозанати куллӣ дар иқтисодиёт.

Аммо Бланше гуфт, ташаббусҳо дар риштаи молия қобили ситоишанд, вале ояндаи иқтисодиёт бештар ба тавлид ва гардиши мол бастагӣ хоҳад ёфт. Ба ақидаи вай, аломати афзоиши бекорӣ дар иқтисодҳои пешрафта баёнгари ин аст, ки бӯҳрон идома мекунад ва роҳи наҷот аз он ҳамвору осон нест.

Мутахассисони аршади Сандуқи байнулмилалии пул оғози соли 2010-ро барои Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон, минтақаи евро ва Осиё ибтидои рушд номиданд, вале барои Амрикои Лотин, Аврупои Шарқӣ ва Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ идомаи пасрафт номиданд. Дар Аврупои Шарқӣ коҳиш имсол 1,3 ва дар давлатҳои пасошӯравӣ 0,7%-ро ташкил хоҳад дод ва рушд дар соли оянда байни 0,2 то 0,8 дарсад пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол як маркази мустақили пажӯҳишҳои иқтисодии Авруосиё гуфтааст, ки Озарбойҷон ва Қазоқистон дар байни кишварҳои шӯравии собиқ беҳтар аз дигарон бо бӯҳрон муқовимат мекунанд. Беларус ва кишварҳои Соҳили Балтик, баъдан Украина ва Узбакистон ин феҳрастро идома дода, Тоҷикистон дар он пас аз Қирғизистону Арманистон дар ҷойи охир қарор доштааст. Муаллифон ин гузориш гуфтаанд, аксари кишварҳои ҳамсуд барномаи муассири зиддибӯҳронӣ ва захираҳои кофии рақобат ба бӯҳрони дарозмуддатро надоранд

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG