Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирориҳои покистонӣ метавонанд ба хона баргарданд


Нахуствазири Покистон гуфт, ки ҳудудан ду миллион нафаре, ки дар паи амалиёти зиддитолибон манзилҳои худро дар шимолуғарби ин кишвар тарк карданд, метавонанд ҳафтаи оянда ба ҷойҳои худ баргарданд. Юсуфризо Гелонӣ гуфт, ки артиш барои таъмини амнияти мардум дар минтақа боқӣ хоҳад монд. Изҳороти нахуствазир як рӯз баъди боздиди муовини дабири кулли СММ дар масоили башарӣ Ҷон Ҳолмс аз минтақа ва мулоқоти вай бо баъзе нафарони беҷошуда садо дод. Ҳолмс гуфтааст, ки Покистон бояд пеш аз ташвиқи бозгашти мардум ба хонаҳояшон шароити муносиби зист, ба вижа амнияти онҳоро таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG