Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири Теҳрон баргузории гирдиҳамоиҳоро манъ кард


Муртазо Тамаддун, шаҳрдори Эрон имрӯз ҳушдор дод, ки нирӯҳои амниятӣ ҳама гуна эътирозҳоро шикаст хоҳанд дод. Вай гуфт, ки баргузории ҳама гуна намоишу гирдиҳамоиҳо манъ аст. Ин дар ҳолест, ки тарафдорони Мирҳусайни Мусаввӣ баргузории намоишҳои эътирозиро дар дигар шаҳру манотиқи Эрон даъват карданд. Мусавӣ мегӯяд, ки вай барандаи аслии интихоботи рӯзи 12 июн аст ва пирӯзии Аҳмадинажод тақаллубӣ буд. Даъват ба эътирозҳои тоза имрӯз бо 10-солагии ҳамлаи ҷангиёни басиҷӣ болои хобгоҳи донишгоҳи Теҳрон дар соли 1999 мувофиқ омад.
Ва имрӯз дар Лакуиллаи Итолиё дабири кулли СММ Бан Ки Мун зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар ҳошияи нишасти G-8 дар робита бо Эрон гуфт: "Баҳсҳои баъдиинтихоботӣ ва хушунатҳо боиси таассуфи амиқ аст. Ман самимона умедворам, ки мақомоти Эрон ба ин масъала дуруст бархӯрд карда мо дигар шоҳиди хушунатҳо нахоҳем шуд. Хостҳои озоди мардум бояд ҳамеша эҳтиром шавад. Ин як принсипи бунёдии демократия мебошад".
XS
SM
MD
LG