Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳамкори Ширин Ибодӣ боздошт шуд


Мақомоти Эрон фаъоли маъруфи ҳуқуқи башарро, ки бо Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ҳамкорӣ мекард, боздошт карданд. Ҳамкори хонум Ибодӣ дар Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар Алӣ Додхоҳ рӯзи чоршанбе дар дафтари кориаш боздошт гардид. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки баъди интихоботи баҳсбарангези 12 июни имсол дар саросари Эрон ҳудудан ду ҳазор нафар аз ҷумлаи ислоҳотхоҳон, донишмандон, журналистону донишҷӯён боздошт шуданд. Тибқи натиҷаҳои расмии интихобот Маҳмуди Аҳмадинажод барандаи ин сабқат гардид ва ин ҳодиса боиси эътирозҳои чандинрӯзаи мухолифин ба раҳбарии номзади ислоҳотталаб Мирҳусайни Мусавӣ шуд.
XS
SM
MD
LG