Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низомиёни Амрико эрониҳои зиндониро озод карданд


Сафири Эрон дар Бағдод имрӯз гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ панҷ эрониро, ки соли 2007 дар Ироқ боздошт ва дар зиндон нигаҳдорӣ мешуданд, озод карданд. Сафир Ҳасан Козимии Қумӣ гуфт, ки панҷ мард ба мақомоти Эрон супурда шуда дар наздиктарин фурсат ба сафорати Эрон интиқол дода мешаванд. Боздошти ин панҷ марди эронӣ январи соли 2007 дар шаҳри шимолии Арбили Ироқ иттифоқ уфтода буд. Ин нафарон бо иттиҳоми мусаллаҳсозиву маблағгузории ҷангиёни шиамазҳаб боздошт шуданд. Эрон ингуна иттиҳомотро рад мекунад. Теҳрон гуфт, ки ин нафарон дипломат буданд ва нирӯҳои амрикоиро дар поймолкунии муқаррароти байналмилалӣ муттаҳам кард. Вале дар як изҳороти ИМА аз ин панҷ мард ба унвони ҷосусҳои хориҷӣ ном бурда мешуд, ки барои ба ҳам задани эътидоли Ироқ фиристода шуда ҳеҷ мақоми дипломатӣ надоштанд.
XS
SM
MD
LG