Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди Чин ба муҷозоти шадиди ошӯбгарон


Раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао ва раҳбарони дигари ин кишвар таҳдид карданд, ки онҳоеро, ки дар даргириҳои ахири вилояти Шинҷон шарик буданд, ба шеваи шадид муҷозот хоҳанд кард. Чунин ҳушдор дар як изҳорот, ки баъди анҷоми нишасти изтирории аъзои ҳизби ҳокими коммунист пахш шуд, садо дод. Имрӯз дар як изҳорот сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Квин Ганг дар Пекин масъулияти ин рӯйдодҳоро ба дӯши гурӯҳҳои дар хориҷа тамриндидаи "террористӣ", аз ҷумла Ал-Қоида бор карда аз давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои таъмини амнияти Чин ҳамкорӣ кунанд. Вай роҷеъ ба иқдоми дигари ҳукумат гуфт:

"Ҳукумати Чин мувофиқи қонун тадбирҳои қотеъ меандешад. Ин комилан як кори дохилии Чин аст. Ҳеҷ далеле барои аз шӯрои амнияти СММ дархост кардани баррасии ин масъала вуҷуд надорад. Умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳақиқатро ба таври рӯшан дида ва фаҳмида метавонду талошҳои Чинро барои ҳимояти якпорчагии қаламрави он ва ваҳдати гурӯҳҳои миллӣ ва суботи иҷтимоӣ пуштибонӣ хоҳад кард".

Мақомот ҳазорҳо нирӯҳои иловагиро дар Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷон мустақар карданд, ки дар пайи хушунатҳои рӯзҳои шанбеву якшанбеи ахир 156 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Саркӯби тазоҳургарон боиси боз ҳам бештар шудани задухӯрдҳои аққалияти мусалмонтабори Урумчӣ бо мардуми ҳон ё чиноиҳои маҳаллӣ шуд, ки аксари сокинони Чинро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG